Барнома-тренинг барои омода намудани ҳуқуқшиносон дар соҳаи ҳуқуқи корпоративӣ

Муҳлати ниҳоии пешкаш намудани дархост: 25 марти соли 2020

Макони баргузорӣ: ш. Душанбе

Давомнокӣ: аз 30 март то 15 майи соли 2020

Вақти баргузорӣ:  аз соати 17:30 то 19:30.

Забон: тоҷикӣ ва русӣ.

 

Ташкилкунанда — Ширкати ҳуқуқии ҲИМОЯ”

 

Барнома барои ҳуқуқшиносон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултаҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олӣ таҳия шудааст.

Ҳадафи барнома мусоидат ба рушди минбаъдаи муҳити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон тавассути тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи корпоративӣ, хусусан оид ба масъалаҳои амалии таъминоти ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Пешрафти минбаъда дар муносибатҳои бозорӣ, инчунин татбиқи барномаҳои зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба ҳуқуқшиносони корпоративиро ба миён меорад. Дар асоси таҷрибаи ширкати мо, ҳам соҳибкорони ватанӣ ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ дар аксар маврид ба таъминоти ҳуқуқӣ ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” тасмим гирифтаст ба иштирокчиён тренингҳоро ба роҳ монад.

Дар давоми 6 ҳафта иштирокчиён аз рӯи фаннҳои ҳуқуқи корпоративӣ, қонунгузории андоз ва андозбандӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва забони англисӣ барои ҳуқуқшиносон таълим мегиранд. Тренингҳо доир ба ҳуқуқи корпоративӣ ва забони англисӣ барои ҳуқуқшиносонро  кормандони ширкати Ҳуқуқии “Ҳимоя”, омӯзиши қонунгузории андоз аз ҷониби мутахассисони пешбари Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва омӯзиши ҳифзи моликияти зеҳнӣ аз ҷониби мутахассисони пешбари Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ гузаронида мешаванд.

 

Барномаи мазкур бо дастгирии Сафорати Бритониёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мусоидати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ташкил шудааст.

 

Барнома ройгон аст!

 

Талабот барои номзадҳо:

  • дархостҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултаҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон қабул карда мешаванд;

 

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро фиристанд:

  • резюме
  • мактуби мақсаднокӣ (мотивационное письмо)

Ба суроғаи электронӣ: info@himoya.tj

 

Интихоб аз рӯи натиҷаи мусоҳиба сурат мегирад. Ҷойҳо маҳдуданд!